Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.
Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Узбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр карданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон, инчунин якчанд масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Узбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






