Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Маҷмааи «Ёдгории миллӣ» гулчанбар гузоштанд ва аз Осорхонаи «Муқаддасоти Ватан»-и Туркманистон боздид намуданд

Август 4, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 4 август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашқобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашқобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва коргарони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.

Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имконияти зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.

Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистон ва Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз 20 санади нав ба имзо расид.

Гулчанбаргузорӣ дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ” ва боздид аз Осорхонаи “Муқаддасоти Ватан”-и Туркманистон 04.08.2021

Август 4, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд