Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол мулоқот кард.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар мулоқот оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Ҷумҳурии Туркия ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол ба раиси Кумита оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад. Ҳамчунин сафир таъкид кард, ки Туркия дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Раиси Кумита барои ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳа изҳори омодагӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки барои омӯзиши лоиҳа гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад. Мавсуф ҳамчунин ташаббускори роҳандозии лоиҳаи озмоишӣ дар яке аз навоҳии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба сафир хабар дода шуд, ки тибқи тартиби дохилӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳа бояд тавассути Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






