Шуруъ аз 1 август дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 31 август дар шаҳри Душанбе бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои муайяншуда ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намоянд.
Раиси шаҳр бо ин қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, муассисаҳои давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ташкили ғурфаҳои ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб дар ҷойҳои муайяншуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли таҳсили 2021-2022 аз 1 сентябр шурӯъ мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






