«Толибон»* ба наздикӣ низоми нави идораи Афғонистонро муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаҳои наздик намояндагони ҳаракати радикалии «Толибон»* низоми нави сиёсии идораи Афғонистонро муаррифӣ хоҳанд кард. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора намояндаи ҳаракат дар суҳбат бо Reuters изҳор доштааст.
«Коршиносони соҳаи ҳуқуқ, дин ва сиёсати хориҷӣ ният доранд, ки ҳафтаҳои наздик низоми нави идораи мамлакатро муаррифӣ кунанд», — гуфт ӯ ва зикр кард, ки ин низом ба ҳифзи манфиатҳои аҳолии кишвар равона хоҳад шуд.
Намояндагони ҳаракати «Толибон»* даст доштан дар ошӯбҳои фурудгоҳи Кобулро рад карда, гуфтанд, ки сабаби ин набудани нақшаи аниқи тахлия аст.
ДАР АКС: манзараи Кобул. Акс аз бойгонӣ
____________________________________
* Фаъолияти ин ташкилот дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.








Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






