Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 9 медал гардиданд

Август 31, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  ба қисмати финалӣ расид. Шоми 29 август муҳорибаҳои қисмати финалӣ миёни наврасон сурат гирифтанд, ки дар ин қисмат варзишгари мо – Руслан Ғафуров дар вазни -50кг иштирок кард, вале аз ҳарифи узбекистониаш Ҳоҷиакбар Маҳмудов мағлуб ва сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо такя ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Ҳашт варзишгари дигар – Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) дар қисмати нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб гардида, сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд. Шумораи иштирокчиёни наврас 152 нафарро ташкил медиҳад, миёни ҷавонон 141 нафар ширкат доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар  шаҳри  Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтарро аз 15 давлат ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим гардид.

Ҳамин тариқ, миёни наврасон барандагони медали тилло 4000 доллари ИМА, медали нуқра 2000 доллар ва медали биринҷӣ 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ гирифтанд.

Миёни наврасон варзишгарони Узбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони Қазоқистон 8 медали тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ гирифтанд, Ҳиндустон медали 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 медали тилло, 2 биринҷиро сазовор гардиданд.

                                                                              АКС  аз КМО Тоҷикистон

Август 31, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид