ВКХ Русия: ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон воқеият аст ва онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба назар гирад

Август 20, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон воқеиятест, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба назар гирад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 19 август зимни брифинг дар Москва намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт.

«Сари қудрат омадани толибон дар Кобул воқеиятест, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳатман ҳангоми барқарор кардани муносибатҳои минбаъда бо Афғонистон ба назар гирад», — гуфт Мария Захарова.

Ба гуфтаи ӯ, толибон ба муколама бо неруҳои мухталифи сиёсӣ дар дохили Афғонистон муносибат нишон медиҳанд. Ӯ инчунин хати Русияро барои нигоҳ доштани муколамаи миллӣ дар Афғонистон тасдиқ кард. «Айнан ҳоло низ, вақте толибон моҳиятан дар Кобул, аксар шаҳрҳо ва музофотҳои дигар қудратро ба даст оварданд, ҷониби Русия ҷонибдори муколамаи умумимиллӣ аст, ки ба ташкили ҳукумати намояндагӣ имкон медиҳад ва аллакай он бо дастгирии шаҳрвандони Афғонистон ба таҳияи созишномаҳо дар бораи тартиби ниҳоии кишвари сермиллат машғул хоҳад шуд», — ишора кард намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Зимни брифинг Мария Захарова иддаоҳоеро қатъан рад кард, ки гӯё ҷониби Русия аз тағйири қудрат дар Афғонистон розӣ аст. «Мо танҳо воқеиятро қайд мекунем», — иброз дошт ӯ.

Мария Захарова ҳамчунин гуфт, ки сафорати Русия дар пойтахти Афғонистон ва шуъбаи консулии он ба таври муқаррарӣ фаъолият доранд. «Равобити корӣ бо намояндагони мақомоти нав, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Русия, инчунин фаъолияти муътадили намояндагии хориҷии мо барқарор карда мешаванд», — гуфт ӯ.

«Ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки дар бораи тахлияи кормандони сафорат ё шаҳрвандони Русия дар Афғонистон сухан намеравад», — тазаккур дод Мария Захарова. Ташкили чанд парвози махсус, аз ҷумла барои шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, ҷараён дорад. «Намояндагони Толибон ҷониби Русияро бовар кунониданд, ки дар ин кор монеа вуҷуд надорад ва кафолатҳои дахлдори амниятӣ доданд», — гуфт ӯ.

«Бо дарназардошти вазъе, ки ҳоло дар фурудгоҳи Кобул мушоҳида мешавад ва бо дарназардошти он, ки як қатор давлатҳои ғарбӣ наметавонанд дипломатҳо, низомиён ва шаҳрвандони худро аз Афғонистон, ба истиснои шаҳрвандони маҳаллии бо онҳо ҳамкорикунанда ва оилаҳои онҳоро, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд, баророранд, мехостем маълумоти зеринро расонем: бо мақсади пешгирии бад шудани вазъи башардӯстона дар Афғонистон мо омодаем хадамоти авиатсияи граждании Русияро барои таъмини парвози ҳар шумораи шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла занону кӯдакон, ба ҳама кишварҳои хориҷӣ, ки ба қабул ва ҷойгир кардани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, пешниҳод намоем. Тавре намояндагони мақомоти нави Афғонистон ба мо итминон доданд, барои вуруд ва парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Кобул ҳеҷ монеаи асосӣ вуҷуд надорад», — афзуд намояндаи расмии ВКХ Русия.

ДАР АКС: бинои ВКХ ФР. Акс аз ТАСС

Август 20, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд