ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ. Шумораи фавтидагон ба 1297 нафар расид

Август 16, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Гаити ба 1297 нафар расид. Ҳадди ақалл 5,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 15 август Агентии Франс Пресс бо истинод ба маълумоти раёсати мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ хабар додааст. 

Заминларза бо шиддати 7,2  балл тақрибан дар километри 125-уми самти ғарбии пойтахти Гаити- Порт-о-Пренс 14 август рӯзона рух дод. Маркази зилзила дар умқи 6 мил (тақрибан 9,65 км) будааст.

Ба гуфтаи нахуствазири Гаити Ариэл Анри, офати табиӣ ба минтақаҳои ҷанубӣ “хисороти бузург» ворид кардааст. Мақомоти кишвар ҳолати фавқулода эълон кардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо супориши президент Ҷо Байден ба ин кишвари ҷазиравӣ кумак мекунанд.

Соли 2010 ин кишвар аллакай бо заминҷунбии ба ин дараҷа баробар дучор омада буд. Дар он вақт дар Гаити як силсила ларзишҳо ба амал омаданд, ки пурқувваттарини онҳо – бо шиддати 7 балл  низ дар ғарби Порт -о -Пренс сабт шуда буд. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, шумораи қурбониён аз 222 ҳазор нафар гузаштааст.

 

АКС: rbc.ru

Август 16, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид