Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Сентябрь 9, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳарчанд сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Таъкид гардид, ки ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар як соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон ин шукронаи мо аз сарнавишт мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем, иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни чорабинии идонаро ба солгарди 30-юми ҷашни истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки даҳсолаҳои ояндаи асри 21-ум барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он даврони дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ хоҳад шуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои мухталифи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ карданд.

Аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар кормандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва хонандагони муасссиаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2021

Сентябрь 9, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон