Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов мулоқот намуданд

Сентябрь 23, 2021 17:11

ДУШАНБЕ, 23.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари расмӣ ба Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино баиттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрўзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар ин самт, омодагии шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, иброз гардид.

Дар фарҷоми музокираҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дур хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дўстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.

Пас аз мулоқот бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Пажўҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Пажўҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тақвияти нақши илми ҳуқуқ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ширкат дар таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, пешбурди Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки намунавии назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, базаи ягонаи маълумоти тадқиқоти таҳлиливу иҷтимоии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ карда мешаванд ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ, ки ба дастрасии мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилои ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои компютерӣ мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.

Имрўз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и Ҳокимияти шаҳри Нур-Султон дидан намуданд.

Дар ин ҷо ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки маркази мазкур бо реҷаи шабонарўзӣ фаъолият карда, ҳамаи марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.

Дар марказ «iKOMEK» 60 мутахассис ва 6 ҳазор камераҳои мушоҳидавӣ фаъолият дошта, ба таври шабонарўзӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон хизмат менамоянд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2021 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад