Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Сентябрь 7, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ  Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар  он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳояшон  26 декабри соли 2020  ва 26 январи соли 2021 ироа намуданд, инчунин дар нақшаи чорабиниҳо аз 20 июни соли 2019 оид ба иҷрои дастуру супоришҳо дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) ва дар маҷлиси ҷамъбастии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  равона гардидаанд,  таҳия шудааст.

Татбиқи хароҷоти молиявии лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешавад. Яъне, хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро ба ғайр аз маблағҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  пешбинӣ намудааст, талаб наменамояд.

АКС: МН МО ҶТ

Сентябрь 7, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид