Ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Н.Қарабоев то буриши кӯчаи М.Қосимови пойтахт муваққатан қатъ гардид

Сентябрь 22, 2021 13:26

ДУШАНБЕ, 22.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз,   22 сентябр бинобар сабаби  оғоз гардидани корҳои таъмирӣ  ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар  кӯчаи Фирдавсӣ,  аз буриши кӯчаи Н.Қарабоев то буриши кӯчаи М.Қосимови пойтахт  манъ карда мешавад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар ин робита  ба нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии автобусии №2, 18, 81, инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид гардида, фаъолияти онҳо то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, тавассути кӯчаҳои Н.Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А.Ҷомии шаҳри Душанбе  ба роҳ монда мешавад.

АКС: аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2021 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд