Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА мураббиёну варзишгарони тоҷикро ба Амрико сафарбар менамояд
ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода бо менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА (NBA) Макс Вилсон мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Макс Вилсон бо мақсади омӯхтани шароит ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Федератсияи баскетболи Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мо омадааст.
Зимни мулоқот Муҳаммадшо Абдуллозода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти кишвар, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди ҳамаи намудҳои варзиш шароит фароҳам оварда шудааст. Хусусан, се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 300 майдончаи варзишӣ сохта шуданд, ки ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол нигаронида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба варзиш машғул шаванд ва дар оянда ба клубҳо ва дастаҳои миллӣ даъват гарданд.
“Дар ин замина Федератсияи баскетболи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои омода кардани варзишгарон аз ҷиҳати касбӣ таваҷҷуҳ кунад. Мо хушҳолем, ки дар ин самт аллакай қадамҳои нахустин гузошта мешаванд”, — иброз намуд М. Абдуллозода.
Макс Вилсон иброз намуд, ки мақсади сафараш ба Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, омӯзиш ва такмили ихтисоси мураббиёну варзишгарон мебошад.
“Ман бо варзишгарону мураббиён ва намояндагони федератсия мулоқот доштам. Мо имкон дорем дар навбати аввал барои табодули таҷриба мутахассисонро аз NBA ба ин ҷо фиристем ва мураббиёну варзишгаронро аз Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида сафарбар намоем. Сипас, бо дастгирии NBA шояд дар Тоҷикистон Академияи баскетбол таъсис диҳем”, — гуфт дар идома М. Вилсон.
Ҷонибҳо барои омода кардани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиё-2022 дар равияи баскетболи 3х3, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад, ба мувофиқа расиданд.
Пас аз мулоқот Макс Вилсон дар осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос шуд.
АКСҲО аз КМО Тоҷикистон









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






