АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: Ҳисоби медалҳои Тоҷикистон аз 7 ба 14 адад расид
ДУШАНБЕ, 10.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буданд, фардо – 11 сентябр – ба анҷом мерасанд. То имрӯз варзишгарони мо соҳиби 14 медал: 7 нуқра ва 7 биринҷӣ шуданд.
8 сентябр мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи бокси тайландӣ бошад, варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамоҳ Холова дар вазни 60 кг миёни духтарон медали нуқра, Амонҷон Даминов дар вазни 71кг миёни писарон медали биринҷӣ гирифтанд. Дар мусобиқаи тенниси рӯииз Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Қаблан варзишгарони мо дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гуштини тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар гуштини камарбандӣ 2 медал, дар кураш 3 медал ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои ИДМ беш аз 1000 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 9 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Ҷумҳурии моро дар Бозиҳои якуми кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбанд, 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






