АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: Ҳисоби медалҳои Тоҷикистон аз 7 ба 14 адад расид

Сентябрь 10, 2021 14:55

ДУШАНБЕ, 10.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буданд, фардо – 11 сентябр – ба анҷом мерасанд. То имрӯз варзишгарони мо соҳиби 14 медал: 7 нуқра ва 7 биринҷӣ  шуданд.

8 сентябр мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи бокси тайландӣ бошад, варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамоҳ Холова дар вазни 60 кг миёни духтарон медали нуқра, Амонҷон Даминов дар вазни 71кг миёни писарон медали биринҷӣ  гирифтанд. Дар мусобиқаи тенниси рӯииз  Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Қаблан варзишгарони мо дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гуштини тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар гуштини камарбандӣ 2 медал, дар кураш 3 медал ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои ИДМ  беш аз 1000 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 9 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Ҷумҳурии моро дар Бозиҳои якуми кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбанд, 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.

                                              АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2021 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид