Блинкен: Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон ваъда доданд, ки шаҳрвандони Амрикоро аз Афғонистон мегузаронанд

Сентябрь 14, 2021 10:06

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар» /. Иёлоти Муттаҳида бо Узбекистон, Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа  расидааст, ки  се кишвар ба убури шаҳрвандони амрикоӣ аз Афғонистон мусоидат намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад,  дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи душанбеи 13 сентябр хабар дод. «Мо бо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Узбекистон ва Тоҷикистон кор бурда истодаем, то кафолат диҳанд, ки   марзҳои онҳо барои шаҳрвандони Амрико, нафароне, ки ҳуқуқи иқомат дар ИМА-ро доранд, инчунин {раводиди амрикоии вуруд} ва нафароне, ки мехоҳанд  тавассути он {Афғонистон}-ро тарк намоянд, бояд  боз бимонанд. Инчунин  мо (ҳукумати Вашингтон-Тавзеҳи ТАСС) дар ин кор кумак мекунем.

Мо бо ҳар се кишвар созишномаҳои асосӣ дорем ва бояд ҳамин тавр бошад, гуфт роҳбари идораи сиёсати хориҷии Амрико. Вай дар Кумитаи равобити хориҷии Палатаи намояндагони Амрико зимни ҷаласаи марбут ба вазъи Афғонистон сухан кард. Қонунгузорон, ки дар ин марҳила бо Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА мухолифанд, Блинкенро, ки аз демократҳо намояндагӣ мекунад, барои иқдомоти президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ дар Афғонистон шадидан интиқод карданд.

Сардори дипломатияи амрикоӣ иқрор шуд, ки мақомоти ИМА дар муқовимати худ бо Толибон* аслан наметавонанд стратегияи ғолибро таҳия кунанд. Дар арзёбии Блинкен, дар нақшаи низомии зиддитеррористӣ, ИМА дар Афғонистон хеле муваффақ буд. «[Аммо] вақте ки сухан дар бораи кӯшиши хеле гаронтар барои шикаст додани Толибон* ва аз нав сохтани Афғонистон меравад, ин як ҳикояи дигар аст. Ва ман фикр мекунам, ки мо ба ҷое расидем, ки шояд мо медонистем, ки чӣ тавр мағлуб нашавем, аммо дар ин чаҳорчӯб натавонистем пирӯз шавем»,-гуфт Котиби давлатӣ.

Ҳаракати радикалии Толибон* пас аз эълони Иёлоти Муттаҳида дар бораи нияти хуруҷи неруҳояш аз ин кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ амалиёти густардаеро барои таъсиси назорат бар Афғонистон оғоз кард. 15 август Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба хориҷа фирор кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Хизматчиёни низомии ИМА аввалҳои моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карда, ҳузури тақрибан 20-солаи худро дар он ҷо ба анҷом расонданд.

_____________________________

*Ҳаракати террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ

  Акс аз манбаъҳои боз

Сентябрь 14, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд