Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз доир мегардад

Сентябрь 2, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  5 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами  шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз баргузор мегардад, ки дар он кишоварзони мамлакат, ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилояти Суғду Хатлон иштирок ва навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва ангурро  ба намоиш-фурӯш пешниҳод менамоянд, иттилоъ доданд аз шуъбаи матбуот ва иттилоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли меваи ангур ва маҳсулоти полезӣ — каду, харбуза ва тарбуз низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза, ангур ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

Дар ин рӯз  меҳмонону сокинон метавонанд навъҳои гуногуни кадуро бо нархҳои дастрас харидорӣ  намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур, якшанбеи охири август Иди каду, якшанбеи якуми моҳи сентябр Иди харбузаву тарбуз ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ доир мегардад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад