Дар Душанбе дар доираи барномаи «Шаҳри ҳушманд» форуми байналмилалӣ доир гардид

Сентябрь 6, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи кории Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай,  бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” оид ба “Дурнамои истифодаи барномаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои ҳушманди низоми “Шаҳри ҳушманд” дар тиҷорат” баргузор гардид. Дар  ин бора АМИТ «Ховар» азмақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар Форуми мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, намояндаи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай Ҷуъмахонзода Ҷамшед, котиби масъули шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай Сергей Канавский ва директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории Форуми мазкур шиносоии иштирокчиён бо имкониятҳои технологияҳои иттилоотии муосир ва таъсири он дар рушди инфрасохтори пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги кишварҳои СҲШ мебошад.

Дар рафти кори Форум аъзоёни ҳайати кишварҳои узви СҲШ, намояндагони мақомоти давлатӣ, сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ, навовариҳои имконияти технологияҳои муосири иттилоотиву таъсири онҳо ба рушди инфрасохтори пойтахтҳо ва шаҳрҳои кишварҳои СҲШ-ро баррасӣ намуданд.

Бояд зикр кард, ки Форум фарогири масъалаҳои рушди технологияҳои информатсионӣ, интернет-муошират, тиҷорати рақамӣ, ҳамкорӣ дар “Лоиҳаҳои ҳушманд” инчунин соҳаи нақлиёт, маориф, тиб ва экология буд.

Сентябрь 6, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд