Дар Душанбе масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд

Сентябрь 3, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Японияро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки Стратегияи рушди Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) дар рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият саҳми арзанда мегузорад.

Дар фарҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” баргузор гардид.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 3, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид