Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд

Сентябрь 30, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Кишинёв машваратҳои консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Корина Кэлугэру баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории консулӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар, таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои консулӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи мунтазам, таҳкими ҳамкории консулӣ ва татбиқи натиҷаҳои бадастомада изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 30, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд