Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид

Сентябрь 30, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бағдод вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Ширкати давлатии фурӯши нафти Ироқ (SOMO) Алӣ Низор Фоиқ Ал-Шатрӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва нафту энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба роҳҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба табодули афкор доир шуд.

Ҷонибҳо имконоти рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро байни ду мамлакат,  аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ  байни сохторҳои соҳавӣ ва ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни ширкатҳо ва намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ироқро баррасӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи робитаи корӣ ва мусоидат ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва нафту энергетика изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

 

 

Сентябрь 30, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид