Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 сентябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд. Дар ин бора саркотиби мусобиқа Муҳаммад Шукуров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар мусобиқа, ки миёни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2003 сурат гирифт, 80 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) дар 10 вазн миёни писарон доир гардида, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл муайян шуданд:
57кг
1. Ҳусейн МАЛИКОВ (Душанбе-2)
2. Муҳаммад МИРЗОКАРИМЗОДА (ШНТМ)
3. Сафаралӣ АБДУЛҲАҚОВ (Душанбе-2)
3. Умед КАЛОНОВ (Душанбе-2)
61кг
1. Қаюмҷон ҲАЛИМОВ (Душанбе-2)
2. Умед ВАЛИЕВ (Душанбе-2)
3. Маҳмадшариф ЗАЙНИДДИНОВ (Хатлон-1)
3. Ҳасан МАЛИКОВ (Душанбе-2)
65кг
1. Фотеҳҷон ОЛИМОВ (Суғд)
2. Меҳроб ШАРИПОВ (Душанбе-2)
3. Спартак БАҲРОМОВ (Душанбе-2)
3. Шоҳбахт РАҲМАТЗОДА (Суғд)
70кг
1. Магамед ТАЙҒУНОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳром МАҚСУДОВ (Душанбе-2)
3. Фаридун СОҲИБОВ (Душанбе-2)
3. Шаҳбоз ФАЙЗЗОДА (Душанбе-2)
74кг
1. Муҳаммад НАЗАРОВ (Душанбе-1)
2. Акмал ТОИРОВ (Душанбе-2)
3. Ибод САЪДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Улуғбек ҚОДИРОВ (Душанбе-2)
79кг
1. Пулодҷон БУРҲОНОВ (Суғд)
2. Абдубашир БОБОХОНОВ (Душанбе-2)
3. Саидҷон САМИЕВ (Хатлон-2)
3. Шоҳзод МУЗАФФАРЗОДА (Душанбе-2)
86кг
1. Раҳматҷон ИСМАТОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳриёри РУСТАМ (Хатлон-2)
3. Саидҷон АБДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Ҷаҳонгир ОҚИЛОВ (Душанбе-2)
92кг
1. Муҳаммад ГИЁЕВ (Хатлон-2)
2. Қосим ХУШБАХТЗОДА (Хатлон-1)
3. Эҳсон ВОҲИДОВ (Хатлон-1)
3. Қобилҷон ЗАЙНИЕВ (Суғд)
97кг
1. Маъруфҷон ҶӮРАЕВ (Душанбе-2)
2. Мақсудҷон ЮСУФЗОДА (Хатлон-1)
3. Афзалшоҳ НОРМАҲМАДОВ (Хатлон-1)
3. Раҳимҷон МИРЗОЕВ (Хатлон-2)
125кг
1. Комрон МАҲМАДАЛИЗОДА (Душанбе-2)
2. Шоҳрух ДАВЛАТЗОДА (Душанбе-1)
3. Бахтиёр ДАВЛАТХОНОВ (Хатлон-1)
3. Анушервон РОЗИҚОВ (Хатлон-2)
Мавриди зикр аст , ки Юсуф Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст. Аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид. Ӯ ҳамчунин медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои Осиё ва медали тиллои Чемпионати Осиёро ба даст овардааст. Фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дод. Аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд – 3 духтар, 1 писар.
Юсуф Абдусаломов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.
АКС аз КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






