Дар Фестивали тобистонаи «Dushanbe summer Fest 2021» се ситораи эстрадаи Шарқ ҳунарнамоӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Се ситораи эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор ва Ҳамид Ҳирод дар Фестивали анъанавии тобистонаи «Dushanbe summer Fest», ки 25-26 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, фестивал имсол бори сеюм аст, ки гузаронида мешавад.
Консерт дар “Наврӯзгоҳ» -и пойтахт баргузор мешавад ва дар он ба ҷуз аз ситораҳои эстрадаи ватанӣ меҳмонони даъватшуда низ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, консерти ҳунарманди узбек Юлдуз Усмонова аллакай ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва бисёр дигар овозхонон, навозандагон ва гурӯҳҳои эҷодӣ дар фестивали “Dushanbe summer Fest 2021” суруд мехонанд.
Фестивал дар доираи эълон гардидани Душанбе ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ — 2020-2021 ва пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 баргузор мешавад. Он ба 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст.
Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Ва дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид. Соли 2020 Фестивали тобистонаи «Dushanbe Summer Fest» бинобар пандемияи коронавирус лағв карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






