Дар Хатлон таҳти унвони «Тантанаҳои Истиқлол» барномаи идонаи ҳизбиён гузаронида шуд

Сентябрь 7, 2021 15:38

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тантанаҳои Истиқлол” барномаи  бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.  Барномаи мазкур давоми мантиқӣ ва ё ҷамъбасти барномаҳои тантанавиест, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” аз ҷониби сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида истодаанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти   КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Қабл аз шурӯи барномаи  бошукӯҳ  намоиши ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла маҳсули ҳунари бонувон аз тамоми гӯшаву канори вилоят манзури иштирокдорон гардонида шуд. Дар қисми асосии  чорабинӣ Раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор  Азизӣ,   роҳбарони сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аъзои фаъоли ҳизб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ҳамчунин санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо навоварию ташаббускорӣ ва созандагию бунёдкорӣ мутаносибан дар сатҳи ҷумҳурӣ пешсаф буда, дар самти ободонии маҳалу деҳот – ташкили ҳашарҳои сохтмонию таъмири мактабу боғчаҳо, сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳои байни деҳот, ниҳолшинонӣ, тозакунии атроф ва оромгоҳҳо, навсозии иншооти тандурустӣ, муқовимат ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда ва ғайра фаъол мебошанд.

Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои наҷибу созанда рӯи кор оварда, дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ гурӯҳи фейсбукӣ таҳти унвони “Маҳсулоти ҳунармандӣ” таъсис дода шудааст, ки василаи муфиди тарғиби молу маҳсулоти ҳунармандон мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон миёни сокинони вилоят бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ якчанд озмунҳои вилоятӣ ташкил намуда буд, ки ҷамъбасти онҳо ба ҳамин рӯз рост омад. Озмунҳо аз рӯи номинаҳои “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, якҷо бо утоқи раиси маҳалла (деҳот)”, “Меҳмонхонаи беҳтарин дар  манзили истиқоматӣ”, “Ташкилоти ибтидоии сол  дар деҳот”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча (деҳа) ва  хонаи тоза” доир гардиданд.

Дар  фазои тантанавӣ ба ғолибон мукофотҳои кумитаи тадорукот супорида шуданд. Ҳамчунин якчанд нафар фаъолон барои саҳми арзанда ва муносиб гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бо Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Сентябрь 7, 2021 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад