«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Таҳти ин унвон Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 августи соли равон дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дар меҳмонии Душанбе» ба тавсиб расид.
Тибқи қарори мазкур, Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дар меҳмонии Душанбе» 20-24 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мебошад.
Ҳамчунин тибқи қарори мазкур муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакону наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дар меҳмонии Душанбе» тадбирҳои амалӣ меандешанд. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур мебошад.
АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






