Дар Панҷакент ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ниммарафони ҷумҳуриявӣ доир шуд

Сентябрь 20, 2021 15:46

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мавзеи сайёҳии «Ҳафткӯл» барои дарёфти ҷоизаи раиси шаҳри Панҷакент ниммарафони ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар мусобиқаи мазкур дар баробари давандаҳои Тоҷикистон намояндагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина ширкат намуданд. Дар маросими ифтитоҳи ниммарафон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров иштирок карданд.

Беш аз 60 нафар иштирокчии ниммарафон дар масири аз кули якум то кӯли ҳафтум масофаи 21,7 км-ро тай намуданд. Миёни мардон се ҷои аввалро намояндагони шаҳри Душанбе гирифтанд. Самариддин Азимов масофаи муайяншударо дар муддати 1 соату 30 дақиқа тай намуда, ҷои аввалро соҳиб шуд. Ҷои дуюм насиби Меҳрубон Шамсиддинов (1:33) ва ҷои сеюм насиби Аъзамҷон Давлатов (1:34) гардид.

Миёни бонувон Маҳина Баротова (2:22) аз шаҳри Турсунзода аввалин шуда, ба марра расид. Душанбегиҳо Ҷонона Мирзоева ҷои дуюм ва Саодат Яҳёева ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Миёни мардон ба ғолиби мусобиқа 500 доллари ИМА, ба барандаи ҷои дуюм 300 доллар ва ба барандаи ҷои сеюм 200 доллари ИМА тақдим карда шуд.

Ба Маҳина Баротова 200 доллари ИМА ҷоизапулӣ дода шуд.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои раиси шаҳри Панҷакент қадрдонӣ гардиданд.

                                                                                АКС  аз КМО Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2021 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд