Дар Тоҷикистон рақсҳои классикии «Катхак» ва «Болливуд» манзури тамошобинон мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва 20 сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳрии Ваҳдат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлолияти Ҳиндустон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангии рақсу мусиқӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Дар барномаи фарҳангии рақсу мусиқӣ ансамбли рақсии Маркази фарҳангии Свами Вивекананда бо роҳбарии хонум Прачи Шаҳ Паандя иштирок мекунад, ки дар он тамошобинон шоҳиди омезиши хуби рақси классикии «Катхак» ва «Болливуд» хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки хонум Прачи ҳунарпешаи машҳури Болливуд ва телевизиони Ҳиндустон аст, ки дар тӯли 1 дақиқа 93 ҳаракати рақси катхакро иҷро намуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил шудааст.
Ҳамчунин дар барнома шогирдони Маркази фарҳангии Свами Вивекананда намунаи омезиши мусиқӣ ва рақси ҳиндӣ-тоҷикиро пешкаш менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки вуруд ба барномаҳои мазкур ройгон мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






