Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба зарардидагони офатҳои табиии Рашт ва Тоҷикобод кумаки моддӣ расонид

Сентябрь 7, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар арафаи таҷлили 30—солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба 120 оилаи аз заминҷунбӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумаки молиявӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ин ниҳод.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода 5-6 сентябр бо сафари корӣ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафар намуда, аз маҳаллаҳои бар асари заминҷунбӣ зарарёфта дидан кард ва бо аҳолии зарардида мулоқот анҷом дод.

Мавсуф афзуд, ки  бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии Пешвои миллат ин амали хайриявӣ дар арафаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Иттифоқҳои касаба роҳандозӣ мегардад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ҷои  хонаҳои пурра ва нимзарардида сохтмони хонаҳои нав бомаром ҷараён дорад.

Аҳолии зарардида арзи сипоси хешро ба Пешвои миллат расонида, иброз доштанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодиса барои онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шароити зист муҳайё гардида, ҳар оилаи зарардида бо тамоми масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардид.

Сохтмон ва барқароркунии манзилҳои истиқоматии оилаҳои аз заминларза зарардида бомаром идома дорад.

АКСҲО аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд