Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба зарардидагони офатҳои табиии Рашт ва Тоҷикобод кумаки моддӣ расонид

Сентябрь 7, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар арафаи таҷлили 30солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба 120 оилаи аз заминҷунбӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумаки молиявӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ин ниҳод.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода 5-6 сентябр бо сафари корӣ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафар намуда, аз маҳаллаҳои бар асари заминҷунбӣ зарарёфта дидан кард ва бо аҳолии зарардида мулоқот анҷом дод.

Мавсуф афзуд, ки  бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии Пешвои миллат ин амали хайриявӣ дар арафаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Иттифоқҳои касаба роҳандозӣ мегардад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ҷои  хонаҳои пурра ва нимзарардида сохтмони хонаҳои нав бомаром ҷараён дорад.

Аҳолии зарардида арзи сипоси хешро ба Пешвои миллат расонида, иброз доштанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодиса барои онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шароити зист муҳайё гардида, ҳар оилаи зарардида бо тамоми масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардид.

Сохтмон ва барқароркунии манзилҳои истиқоматии оилаҳои аз заминларза зарардида бомаром идома дорад.

АКСҲО аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад

Маводҳои таҳлилӣ