Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 сентябр дар Қасри миллат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (тариқи видоеконференсия) ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.
Сарони кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Арманистон дар СААД мешунаванд.
Аз натиҷаи иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор ба нақша гирифта шудааст.
Саммити Душанбе ба давраи чорабиниҳои ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раисии Тоҷикистон хотима мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.








Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд






