Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон (CSW) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар чорабинӣ таҳти унвони «Нақши ҳаётан муҳими занон: таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозӣ» иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Нигина Ализода иброз дошт, ки тавонмандсозии занон омили муҳими рушди устувор ба шумор рафта, ба таҳкими ҷомеа, рушди иқтисод ва пойдории субот мусоидат мекунад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои занон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа густариш меёбад.
Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва таъмини баробарии гендерӣ изҳор карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






