Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт иштирок намуданд

Сентябрь 9, 2021 19:40
ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.

Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сокинони пойтахт ва кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон — сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон исбот намуд, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Бинобар ин шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки сарҷамъу муттаҳид бошанд, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаро ҳифз намоянд, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашанд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт.

Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт 09.09.2021

Сентябрь 9, 2021 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон