Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик ва боздид аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода

Сентябрь 23, 2021 11:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ  роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.

Дар ҳудуди боғ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ  ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар ин тадбир кадбонуҳои ноҳия, ҳунармандону косибон маҳсули дастранҷи худро ба маърази дид гузошта, аз рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд. Аз ҷумла, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, қуроқбофиву атласу адрасбофӣ дар намоишгоҳ пешниҳод гардонида шуд.

Иброз гардид, ки бо роҳандозии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Темурмалик низ тадбирҳо ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллӣ ҷоннок гардида, омӯзиши ҳунарҳои гуногун миёни ҷавонон равнақ дода шуд.

Зимни суҳбати самимӣ ҳунармандон ба Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳи хосашон нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ, дастгирии соҳибистеъдодон ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои гуногун барои рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи заминҳои ҳосилхези ноҳияи Темурмалик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз рушду равнақи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳад.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои боғи фарҳангиву фароғатӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ азнавсозӣ карда шуд ва дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан ба монанди “Кипарис”, “Мажевелник”, “Серенаи ҳиндӣ” ва “Каштан” шинонида шуда, ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшад.

Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба таври муосир роҳандозӣ гардидааст. 2250 метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди ин макони фарҳангӣ бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш карда шудааст.

Иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур шароити мусоид барои гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ, истироҳати сокинон ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, қомат афрохтани Амфитеатри зебову замонавӣ барои гузаронидани консерту дигар чорабиниҳо имконият фароҳам намуд. Ҳамчунин дар боғ барои гузаронидани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шудааст.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои навсозӣ таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи имконияти бозиву фароғати кӯдакону наврасон зоҳир карда шуд. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди боғ атраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун ташкил гардид.

Барои сокинону меҳмонон дар дохили боғи фарҳангӣ нуқтаи алоҳидаи хӯроки умум ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст.

Аз ду тарафи боғ даромадгоҳ бо услуби баланди меъморӣ ва ороишоти зебо бунёд ёфта, гирду атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.

Дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатӣ фаввораҳои замонавӣ бо шаклу услуби хоса сохта шудаааст.

Хусусан шомгоҳон боғи мазкур барои сайру гашти мардум мавзеи ниҳоят қулай буда, чароғонӣ ва гуногунрангии ҳудуди боғ диққатҷалбкунанда мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки навсозии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, имрӯз ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншооти мазкур вазифадор намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик ва боздид аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода 23.09.2021

Сентябрь 23, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд