Ғолибони Фестивали дӯстии ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо гирифтани 6 медали тилло ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро ба даст овард, инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 2 медали тилло зинаи дуюм, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 медали биринҷӣ ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо гирифтани 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ зинаи сеюмро касб намуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Фестивали мазкур таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» аз 22 то 27 сентябр бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки мақсад аз роҳандозии ин фестивалу мусобиқаҳо самаранок истифода кардани иншооти варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон, ҷалби бештари насли наврас ба тарзи ҳаёти солим ва тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти хислатҳои зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ дар онҳо мебошад.
Дар доираи фестивали мазкур мусобиқаҳо аз рӯйи чор намуди варзиш — шоҳмот, футбол, волейбол ва гӯштии миллӣ миёни хонандагону донишҷӯёни макотиби миёна, олӣ ва касбӣ давоми 6 рӯз ҷараён гирифт.
Дар байни 16 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 7 муассисаи миёнаи касбӣ дар намуди шоҳмот миёни мардон ҷойҳои аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ишғол намуданд. Миёни дастаҳои бонувони шоҳмотбоз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Коллеҷи техникии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе зинаи сеюмро соҳиб шуданд.
Аз рӯйи намуди «Волейбол байни бонувон» дар миёни 24 даста се ҷойи ифтихориро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи волейбол миёни мардон Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон – мақоми якум, Донишгоҳи славянии Русиява Тоҷикистон – мақоми дуюм ва Коллеҷи техникии Тоҷикистон мақоми сеюмро сазовор гардиданд.








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






