Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Маҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Сентябрь 21, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир муҳтарам Абд-ул-Маҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа сабаби ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир  саҳми босазо дошта,  бо саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд.

Лутфан аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самимии ин ҷонибро бирасонед. Ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

Сентябрь 21, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд