Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд

Сентябрь 28, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимию созанда анҷом дода, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо бунёду навсозӣ карда шуданд.

Илова бар ин, мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагӣ ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 140 иншооту биноҳоро ба маблағи 35 миллион сомонӣ ба истифода додаанд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намудааст.

Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Роштқалъа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ба соҳибкорони баномуси ноҳия ҷиҳати иштироки фаъол дар корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳори сипос карданд.

Имконияти ноҳия дар самти рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, хизматрасониву сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон ва дигар навъҳои маҳсулот ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.

Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар оянда барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти заргарӣ, зиёд намудани истеҳсоли маводи доруворӣ ва афшура аз мева барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ чораҷӯӣ карда шуда, дар ин самт коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда шаванд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 715 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 2 лоиҳа идома дорад.

Роҳбарияти ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду навсозӣ гардида, ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа ҳоло таъминоти ноҳия бо барқ хеле беҳтар гардидааст.

Дар ин раванд маблағгузории нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар даҳ соли охир 1,5 баробар зиёд гардида, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия бо 14 техникаву механизмҳои роҳсозӣ таъмин карда шудааст.

Бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоиди замонавӣ барои хонандагони ноҳияи Роштқалъа тайи сӣ соли гузашта 12 муассисаи нави таълимӣ барои зиёда аз 2040 хонанда ба истифода дода шудааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии ноҳия низ як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Имрӯз 34 муассисаи тиббии ноҳия бо 158 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ бо мақсади ҳифзи солимии сокинон фаъолияти самаранок ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд дар ноҳия механизми таҷрибавии таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шуда, давоми 6 соли охир ба 7000 нафар сокинони ноҳия кумакҳои иҷтимоӣ пардохт гардидаанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳия дар оянда низ тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, рушди давлат ва ободии Ватани соҳибихтиёрамон равона месозанд.

Як гурӯҳ сокинони ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа – омӯзгор Алихон Ғуломшоев, собиқадор Ҳайдарзода Ғайбулло ва донишҷу Ангелина Норанҷова баромад карда, барои дастгирию ғамхории ҳамаҷониба ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос карданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа 28.09.2021

Сентябрь 28, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Дар Женева 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд