Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматиро барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуданд.
Иншооти нав дорои шароити муосир барои зиндагӣ буда, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Нафароне, ки соҳиби хона шуданд, бо фараҳу хушҳолӣ ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.
Дар асоси лоиҳа истиқоматкунандагон метавонанд аз шароити мусоид дар саҳни бино барои гашту гузор ва фароғат баҳравар шаванд.
Тибқи лоиҳа ва бо назардошти сохти меъмории замонавӣ корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонида шуданд.
Соҳиби манзили истиқоматӣ шудани хизматчиёни давлатӣ ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






