Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази адлияро дар ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр баъд аз анҷом додани сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва мавриди истифода қарор додани якчанд иншооти таъйиноташон гуногун ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Маркази адлияро, ки бо тарҳ ва стандартҳои баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сохтмони он дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Бинои Маркази адлия дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар қабати якуми иншоот толори ақди никоҳ, бақайдгирӣ ва шуъбаи назорату коргузорӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои кормандони нотариалӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати хизматрасонии хубу босифат ба мардум дастуру ҳидоятҳо доданд.
Қобили зикр аст, ки то ба истифода додани иншооти мазкур кормандони соҳаи адлия дар ноҳияи Роштқалъа мушкилиҳои зиёд доштанд. Акнун баъди ба истифода додани Маркази мазкур мушкилоти кормандон пурра ҳал гардида, шароити хуби корӣ низ фароҳам оварда шуд.
Атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо гардонида шуда, роҳравҳои ҳудуди бино чароғон карда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази адлия соли 2019 оғоз шуда, он аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардидааст. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ буда, пеш аз истифода аз озмоишгоҳ гузаронида шудаанд.
Масъулини соҳа барои фароҳам овардани шароити хуби корию хизматрасонӣ ба Сарвару роҳнамои худ изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъ низ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ ва дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд.









Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






