Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мактаби рақами 5-ро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бо харҷи тақрибан 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 омӯзгоронро бо истифода аз имкони замонавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим вазифадор намуданд.
Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва 22 синфхонаи барҳаво иборат мебошад. Шароит барои омӯзиш мутобиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиё, физика ва биология илмҳои дақиқро аз худ намоянд.
Дар синфхонаи компютерӣ хонандагон технологияи муосирро аз бар мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар сурати истифодаи мақсаднок аз имкони фароҳамшуда хонандагон метавонанд дар самти ихтироъкорӣ ва тавсеа бахшидани навовариҳои илмӣ дастовардҳои худро афзун гардонанд.
Ин тадбир дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои пешрафти тафаккури техникии хонандагон, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ мусоидат мекунад.
Муҳассилин метавонанд дӯзандагӣ, хӯрокпазӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ ва дигар ҳунарҳоро дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки барои духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст, аз худ намоянд.
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ имкон фароҳам овард, ки дар шаҳри Хоруғ тавассути бунёду навсозии муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ шароити замонавӣ барои омӯзиш фароҳам оварда шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълимро барои хонандагон дар мамлакат аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






