Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак»-ро дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 22, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт   боғчаи «Ахтарак» ифтитоҳ гардид.  

Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.

Ин аввалин боғчаи шакли нав дар ноҳияи Рашт мебошад, ки дар он  дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураббиёнро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуданд.

Ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунад.

Дар ин даргоҳ дӯстрӯякони аз 3 то 6-сола ба воситаи аёният ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Дар марҳилаи аввал мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд ва дар ин баробар бонувони маҳаллӣ барои минбаъд ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардан омӯзонида мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда дар шароити замонавӣ ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон ба масъулин супориш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.

Ҳамзамон барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Саҳни бинои таълимӣ мутобиқ ба сохти меъмории замонавӣ назаррабо гардонида шуда, дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.
Ифтитоҳи боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт 22.09.2021

Сентябрь 22, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд