Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: Занону бонувон як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд

Сентябрь 8, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ  Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон   иброз намуданд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд.

«Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олимону ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд»,-гуфтанд Сарвари давлат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки бонувону духтарони тоҷик дар он фаъолият надошта бошанд.

Ҳоло 23,3 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва беш аз 18 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.

Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат инчунин тазаккур доданд, ки «мо минбаъд низ ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

Зеро бори дигар изҳор медорам, ки зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд».

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд