Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида, баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон махсус қайд карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятии минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳокима гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






