Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд

Сентябрь 27, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарбозони далери ватанро бо солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Гузашти низомии хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд.

Иштирок дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз 27.09.2021

Сентябрь 27, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ