Ҷопон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 10 мактаб месозад

Сентябрь 3, 2021 16:08

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз  дар Сафорати Ҷопон аввалин  маросими ба имзорасонии шаш лоиҳаи нав ба маблағи 6000000 сомонӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.

Зимни маросим  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки иброз намуд, ки “ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шарафмандем, ки ҳама якҷоя 10 созишномаи грантиро барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои дахлдор ба имзо мерасонем. Имрӯз шаш адади онҳо ва боқимонда 6 сентябр ба имзо мерасанд”.

Созишномаҳои грантӣ байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба имзо расиданд, ки  маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар чаҳорчӯби кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон 536980 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, Зикр карда шуд, ки шаш лоиҳаи нав дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҷумла, “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 19 дар деҳаи Чормағзак, ҷамоати қади об, шаҳри Роғун” ба маблағи 90347доллари ИМА бо Раиси шаҳри  Роғун Музаффар Сулаймонзода ба  имзо расонида шуда, бо Раиси ноҳияи Левакант Зарина Давлатзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №6 дар дехаи Боҳтуробод, ҷамоати Гулистон ноҳияи Левакант” ба маблағи 90273 доллари ИМА имзо гардид.

Ҳамзамон Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №41 дар деҳаи Гулистон, ҷамоати Сабо, ноҳияи Шаҳринав” ба маблағи 90622 доллари ИМА, Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 56 дар деҳаи Кулҷиҷай, ҷамоати Ағба, ноҳияи Лахш” ба маблағи 92579доллари ИМА, Раиси ноҳияи Ховалинг Муҳтади Маҷидӣ “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Бағлисой, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86718 доллари ИМА ва “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Буғдояк, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86441 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.

Мавсуф афзуд, ки бахши маориф яке аз афзалияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад. “Ман хеле шодам, ки мо метавонем қарордодҳои дахлдорро пеш аз ҷашни Истиқлолият, 9 сентябр ба имзо расонем. Барои чен кардани таъсири таълим вақт лозим аст, аммо ман боварӣ дорам, ки ин сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ба зудӣ дар рушди миллии Тоҷикистон самараи калон меорад”,-иброз кард Мияшита Такаюки.

Ҳукумати Ҷопон нияти идома додани дастгирӣ барои сохтани ҷомеаи беҳтар барои ҳамаро дорад ва кӯшиш менамояд, ки бо мардуми Тоҷикистон якҷоя  фаъолият кунад.

АКСҲО: Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2021 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд