Сафири Тоҷикистон бо Агентии иттилоотии Туркия «Анадолу» мусоҳиба анҷом дод
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр мусоҳибаи махсуси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия «Анадолу» Меҳмет Шаҳ Йилмаз баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусоҳибаи мазкур ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шуда, дар он оид ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, узвияти кишвар дар созмону ташкилотҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маълумот дода шудааст.
Дар охири мусоҳиба дар бораи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия иттилоъ дода шуда, роҷеъ ба ҳадафу дурнамои ҳамкориҳо изҳори назар гардидааст.
ФОТО: скан аз сомонаи «Анадолу»








Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд






