Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Февраль 20, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Туркия оид ба сиёсати хориҷӣ Чағрӣ Эрҳан мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар марҳалаи нави рушд изҳори омодагӣ  карданд.

Меҳвари асосии дидорро таҳкими робитаҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ташкил намуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои муштарак фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро тавсеа дода, табодули таҷриба ва барномаҳои таълимиву фарҳангиро густариш диҳанд.

Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояро баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки истифодаи иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ метавонад ба манфиати ҳарду мамлакат хизмат кунад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Февраль 20, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид