Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони ноҳияи Шуғнон туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Аз рӯйи маълумоти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Шуғнон, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба ин кӯдакони ятим сару либоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.
Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 каси дигар кӯдакони маъюб буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, тибқи хислати башардӯстонаашон, онҳоро дилбардорӣ карданд ва иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳад буд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат Шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиби худро гузоред”, таъкид карданд Пешвои миллат.
Кӯдакону наврасони ятим дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Махсусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат умеди онҳоро ба ояндаи хубу босаодат қавитар гардонидааст. Ҳамин буд, ки ҳангоми мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар зиндагии худ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ хоҳанд кард ва ҳастии худро ба рушду инкишофи Тоҷикистони азиз хоҳанд бахшид.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






