Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти ҶДММ «Таҷ-эт» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷ-эт» (Taj-et) оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи нав дар ноҳияи Дарвоз ба банду басти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лӯбиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ равона гардида, дар асоси ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст.
Маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона бо истифода аз технологияи муосир, ки аз Туркия ворид ва васлу насб гардидааст, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ банду баст мегардад.
Ба иттилои масъулон, корхона имкон дорад дар як моҳ 500 тонна маҳсулот ва дар як сол то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро банду баст намояд.
Маҳсулоти хӯроквории корхона дар марҳилаи аввал ба бозори дохилӣ пешниҳод гардида, оянда дар нақша аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя содироти он зери бренди “Таҷ-ғалла” (Taj galla) ба роҳ монда шавад.
Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нав 24 нафар, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хӯрокворӣ барои банду баст асосан аз хоҷагидорону кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас мегардад ва ифтитоҳи корхона омили муҳим дар самти дастгирии аҳли заҳмат дониста мешавад.
Масъулони корхона дар доираи роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва тақвияти раванди содиротии мамлакат тасмим доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли макаронро ҳам ба роҳ монанд.
Дар ноҳияи Дарвоз бо фаъол гардидани се корхонаи нав дар як рӯз, шумораи корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ акнун ба 16 адад баробар гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз боз 7 корхонаи нави саноатӣ бо мақсади ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имконияти содиротии кишвар, коркарди маҳсулоти ватанӣ то ба ҳадди ниҳоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар ба истифода дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон муҳайё сохт, ки баробари афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ рушди соҳаи саноат дар мамлакат таъмин карда шавад.









СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






