Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Сентябрь 26, 2021 20:21

ДУШАНБЕ, 26.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 26 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 26, 2021 20:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд