Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Сентябрь 28, 2021 20:16

ДУШАНБЕ, 28.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 28 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 28, 2021 20:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав ду тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ҷаласа доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов аз олам даргузашт
Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ баргузор гардид
Вобаста ба дастовардҳо, дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон иқдоми эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид
Дар Бохтар оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир ҳамоиш доир гардид
Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» баргузор гардид
Дар минтақаи Кӯлоб 15 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд